БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РАҲНАМОИ МИЛЛАТ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли рушди бештари манфиатҳои миллӣ.    Масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати деҳоти Навобод” ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи №2” дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат – раҳнамои  миллат”, оид ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 хониши сиёсӣ баргузор карданд. Аз ҷумла ташкилкунандагони чорабинӣ зикр доштанд, ки ҳизби мазкур таҳти роҳбарии Раиси муаззамаш тавонист дар аввалин муборизаҳо ва фаъолияти сиёсии худ барномаи густурдаи раҳоӣ аз буҳронро пешниҳод намояд. Қабули Конститутсия, бунёди сохтори давлатдории навинро таъмин намояд. 

Таъкид шуд, ки ҳамагон бояд баҳри пешрафту шукуфоии кишвар, иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарбияи насли наврас, кумаку дастгирии ниёзмандон, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлол, таъриху фарҳанги миллӣ ва мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ, сулҳу суботӣ комил сарҷаъмона кӯшиш намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg