ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли рушди бештари манфиатҳои миллӣ. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Созанда”-и Ҷамоати деҳоти Навобод, дар участкаи интихоботии №39 ҷиҳати таблиғу ташвиқи барномаи ҲХДТ, пешбарии номзадҳои ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ вохӯрӣ доир карда шуд. Масъулини Кумитаи иҷроия оид ба масъалаҳои дар Анҷумани 13-уми ҲХДТ, ки санаи 13-уми декабри соли 2019 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бо иштироки 1917 вакил аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардида буд, суханронӣ карда, маълумоти муфассал доданд.
Зикр шуд, ки бо баргузории маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода, мо ҳизбиён масъулияти баланди касбӣ нишон дода, барои дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ баргузор намудани онҳоро аз вазифаҳои асосии худ медонем.