ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Обшорон»-и Ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритуз бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир карда шуд. Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ дар бораи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ суханронӣ карда шуда, қайд гардид, ки ҲХДТ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!», аз ҷумла рушду тараққиёти иқтисодиёт, татбиқи чор ҳадафи тақдирсози стратегии давлат - истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озукаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонӣ, ки ниҳояти он расидан ба зиндагии шоиста мебошад.
Сипас, дар идома чанде аш иштирокдорон фикру ақидаҳои хешро дар бораи маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода баён дошта, гуфтанд, ки мо дар интихобот ба номзадҳои содиқу вафодори Ватан овоз медиҳем.