А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ш. Шоҳтемур» -и Ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъулин қайд карданд, ки Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ аз саховатмандию ҳимматбаландии халқи бофарҳанги тоҷик ёдовар шуда, иброз доштанд, ки “Халқи тоҷик дар ҳама давру замон ба табақаҳои ниёзманд дасти ёрӣ дароз карда, саховату ҳимматбаландии ибратомӯз нишон додааст”. Бояд гуфт, ки Сарвари давлат дар Паёми имсолаи худ оид ба баланд бардоштани музди меҳнати мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияи донишҷӯён ва дигар намуди стипендия 15 фоиз ва музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз аз 1 сентябри соли 2020 зиёд карда мешавад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъулин аз дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар солҳои қаблӣ ба ҳозирин ёдовар гардида, таъкид карданд, ки Паёми Пешвои миллат дастурамали корӣ ва роҳнамои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.