БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ: ТАҶДИД ВА АЗНАВСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТ

А.ҶОМӢ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ   ва дар доираи эълон шудани соли 2020 “Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ” дар ташкилоти  ибтидоии    “Мушкруд”   вохӯрии судманд  баргузор гардид.

 Ҳамчунин дар мулоқот масъулин оид ба масъалаҳои  баланд бардоштани  сатҳу сифати  таълиму тарбияи ҷавонону наврасон ва шавқу рағбати онҳо ба хондани китобҳои бадеӣ, ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои  табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ омӯхтани забонҳои русиву англисӣ, аз бар намудани мероси гаронбаҳои шоирону адибони гузаштаву имрӯза,  пешгирӣ аз шомилшавӣ  ба гурӯҳҳои тундгаро, ҷалби  занону духтарон ба касбу ҳунаромӯзӣ,  таҳким бахшидани нерӯи зеҳнии қишрҳои фаъоли ҷомеа, устувор гардонидани пояҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбанд, суханронӣ намуданд.

Дар охири чорабинӣ масъулин аз сокинон даъват карданд,  ки  интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллиро ба таври демократӣ ва озоду шаффоф  дар сатҳи баланд баргузор намоем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg