А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи баргузории Аксияи тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии «Фарҳангчиён» ва «Маорифчиён» -и назди шуъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузургу муқаддаси давлату миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ як қатор корҳои ободониву созандагӣ ба анҷом расонида шуд. Инчунин, дар назди ташкилотҳои ибтидоии дар боло зикршуда бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат барои ҷалб намудан ва китобхонии кормандон китобхонаҳо таъсис дода шуд.