БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТАҲКИМБАХШИ МАЪРИФАТНОКИИ ҶОМЕА АСТ

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии «Ободон» бо интихобкунандагон  чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.

Зимнан масъулин дар рафти чорабинии мазкур баромад намуда, иброз доштанд, ки дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ соли 2019  дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дарназардошти дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ҳамчун як соли бобарор зикр шуд. Яке аз нуктаҳои калидии Паёми Пешвои миллат, дар баробари зикри дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, пешравиҳои бахши инфрасохтори соҳаи маориф, рушди имкониятҳои сайёҳӣ, тадбирҳо ҷиҳати пешгирии амалҳои террористиву экстремистӣ ва ҳифзу суботи оромии кишвар, масоили марбут ба таҳкими маърифатнокии аҳли ҷомеа - рушди соҳаи илму маориф ва фарҳанг буд, ки атрофашон таъкидҳо, масъалагузориҳои мушаххас сурат гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg