
ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “О. Қосимов”-и ҷамоати шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон ҷиҳати муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар мулоқот намояндагони ҳизбӣ баромад намуда, моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ-ро тарғибу ташвиқ карда, қайд намуданд, ки ҲХДТ таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” дар панҷ соли оянда дар доираи Барномаи худ, ки таҳкими амнияту оромӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шароити зиндагии шоистаи шаҳрвандонро аз ҳадафҳои олии худ медонад, амал мекунад. Сипас, дар бораи Паёми Президенти мамлакат андешаронӣ карда шуда, зикр гардид, ки Паёми Президент пеш аз ҳама дастури кории ҳар як мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад, бинобар ин моро лозим аст аз Паёми имсола вазифаҳои дахлдори худро гирифта, ҷиҳати татбиқи он ҳамаҷониба кӯшиш намоем.