БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБУ ТАШВИҚИ БАРНОМАИ ҲХДТ ДАР МАҲАЛ!

 ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии “Саъдӣ Қараев”-и ҷамоати шаҳраки Обикиик оид ба муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар мулоқот масъулин нухуст, бандҳои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025-ро шарҳ дода, аз ҷумла, қайд намуданд, ки ҲХДТ таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” дар панҷ соли оянда дар доираи Барномаи худ, ки таҳкими амнияту оромӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шароити зиндагии шоистаи шаҳрвандонро аз ҳадафҳои олии худ медонад, амал мекунад. Баъдан дар идомаи сухан  нуктаҳои муҳими  Паёми Президенти мамлакат шарҳу тавзеҳ дода шуда, қайд карда шуд, ки Паёми имсола пеш аз ҳама дастури кории ҳар як мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад. Бинобар ин ҳар яки моро месазад аз Паём вазифаҳои  худро гирифта, барои татбиқи дастуру супоришҳои дар Паём ироагардида чораҷӯӣ кунем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg