ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар вохӯрии дар ташкилоти ибтидоии “Сафедшаҳрак” - и Ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг доирнамудаи аъзои гурӯҳи таблиғотӣ ва Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025, номзадҳои он ва Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзо ва ҷонибдорони ҳизб фаъолона иштирок намуда, аз баромади масъулин дар бораи дастуру супоришҳое, ки аз ин ду ҳуҷҷати ояндасоз бармеояд, маълумотҳои зарурӣ пайдо намуданд.
Дар баромадҳо ҳамчунин дар бораи интихоботи дарпешистода, ҳуқуқ ва вазифаҳои интихобкунанда, ҷонибдорӣ аз номзадҳо ба вакилӣ, моҳияти маъракаи муҳими сиёсӣ доштани интихобот, дастуру супоришҳое, ки дар Паём аз тарафи Пшвои миллат баён гардидааст, сухан рафт.
Дар вохӯрӣ чанде аз интихобкунандагон баромад намуда, ба суоли “Чаро ба тарафдории ҲХДТ овоз медиҳӣ? “ ҷавоби саҳеҳ ва қаноатбахшкунанда гардониданд.