БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШРАФТУ ТАРАҚҚИЁТИ ВАТАН МЕҲВАРИ БАРНОМАИ ҲХДТ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Чубек”  оид ба  шарҳу тавзеҳи Паёми навбатӣ  ва ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ мулоқот баргузор гардид.

Зимни баромад роҳбарияти  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи  Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ қайд кард, ки дар Паёми имсолаашон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат иброз доштанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти афзоиши шумораи аҳолии мамалакат ва бо мақсади ҳалии мушкилоти иҷтимоии мардуми кишвар 135 ҳазор гектар замин барои бунёди манзили истиқоматӣ тақсим карда дода шуд. Доир ба ин масъала Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҳангоми бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти гуногун бояд санъати меморӣ риоя гардида, барои боз ҳам беҳтару зебо гардидани симои шаҳру деҳот кӯшиш ба харҷ дода шавад.  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз ҷониби мавсуф  ба ҷамъомадагон муаррифӣ гардид.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg