ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади ба дарки сокинон расонидани нуктаҳои асосии Паёми навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии “Ҳақиқат”-и Ҷамоати деҳоти Ватан мулоқот баргузор гардид.
Дар мулоқот масъулин аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтибосҳо оварда, қайд намуданд, ки бо пешниҳоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 сентябри соли 2020 ба андозаи 50 % зиёд намудани нафақаи маъюбон, 15 % зиёд намудани нафақаи шаҳрвандон, 15 % зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ ва стипендияи донишҷӯён, 10 % зиёд кардани маоши вазифавии кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ нишон аз ғамхорию пуштибонии Сарвари давлат нисбат ба табақаҳои гуногуни аҳолӣ маҳсуб меёбад.