БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲСОЗӢ САВОБИ ҶОРИЯ АСТ

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади роҳандозӣ намудани ҳадафҳои Оиномавии ҲХДТ бо ҷалби аъзои ташкилоти ибтидоии «Иқдом»-и деҳаи Сафармади Ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархор ҳашари ободонӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвонии «Якҷоя ҳал мекунем!» корҳои  ободонӣ гузарониданд.

Иштирокдорон бо тариқи ҳашари умумӣ дар сангфарш намудани роҳҳои дохили деҳа саҳми хешро гузоштанд.  Ҷоиз ба таъкид аст, ки ин амали сокинон  ҷанбаи тарбиявӣ дошта, ҷавонони деҳаро ба меҳнатдӯстӣ ташвиқ менамояд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg