ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади иҷрои корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Садоқат”-и деҳаи Садоқати Ҷамоати деҳоти Ватан мулоқот баргузор намуданд.
Дар суҳбат масъулин аз Паёми навбатӣ иқтибосҳо оварда, қайд намуданд, ки танҳо дар се соли охир тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти кишвар аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шуданд.