ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ ва номзади он ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ вохӯрии кормандони ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии “Сафарбоён” баргузор гардид.
Дар оғози сухан роҳбарияти Кумитаи иҷроия оид ба муҳтавои Паёми навбатӣ фикру андешаҳои хешро баён дошта, гуфт, ки он иқтидору имкониятҳоеро, ки мо дорем, раванди ободкориву созандагиро беш аз пеш густариш бахшида, барои расидан ба ҳадафҳои миллиамон кӯшишу ғайрати бештар лозим намоем, то ин ки рушди устувору босуботи кишвари азизамонро таъмин созем ва рӯзгори мардуми тоҷикро аз имрӯза дида беҳтар намоем.