БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ҶОМЕАРО БА РОҲИ СОЗАНДАГИВУ ОБОДОНӢ ҲИДОЯТ МЕКУНАД

НОРАК Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ кормандони Кумитаи иҷроия дар ташкилоти ибтидоии «Рӯдакӣ-1» хониши сиёсӣ баргузор карданд.

Зимни вохӯри масъулини иброз доштанд, ки Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои дар он зикр шуда, аз ҷумла соҳаҳои муҳимми ҷомеа-молия, андоз, саноат, иқтисод, энергетика, нақлиёту коммуникатсия,  кишоварзӣ, экология, сайёҳӣ ва рушди деҳот, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занону ҷавонон, ҳуқуқу волоияти  қонун, амнияти миллӣ, гумрук ва сиёсати хориҷӣ таҳлил ва дар доираи онҳо вазифаҳо барои соли 2020 мушаххас гардиданд.

Инчунин, қайд гардид, ки  дастуру супориш ва ҳидоятҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат бармеояд, татбиқи он аз ҳар фарди худогоҳу ватандӯст вобастагии амиқ дорад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg