БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ МАСЪУЛИЯТИ МОРО ДУЧАНД МЕКУНАД

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Истиқлоли” кӯчаи Раҳим Шодии минтақаи манзилии №2-и шаҳри Норак  бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ мулоқот оид ба шарҳу тавзеҳи  Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ доир карда шуд.

Зимни вохӯрӣ масъулин   баромад намуда, қайд карданд, ки ҲХДТ дар эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ҳифзи Истиқлолият ва дастовардҳои он, фароҳам овардани зиндагии  шоистаи  халқ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва ҳамватанон дар тӯли чаҳоряк аср талош дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон зикр намуданд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 132 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад.

Аъзо ва ҷонибдорони ҳизб  дар охир изҳор доштанд, ки дар интихоботи дарпешистода фаъолона иштирок намуда, барои ояндаи дурахшони кишвари азизамон овоз медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg