НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак бо мақсади таблиғу ташвиқи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии «Гулистон» хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Масъулин дар баромади худ иброз доштанд, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати барномавиест, ки дар маҷмӯъ, таҷрибаи давлатдорӣ, соҳаҳои ҳаётан муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар солҳои Истиқлолият ва махсусан солҳои охирро таҳлилу баррасӣ ва арзёбӣ намудааст.