
МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Шаҳринав»-и поёни ҷамоати деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Мӯъминобод вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ дар бораи дастуру супоришҳои аз Паёми Пешвои миллат бароянда суханронӣ намуда, ҳамагонро ба созандагиву ободонӣ, кӯмак ба шахсони ниёзманди ҷомеа раҳнамоӣ карданд.
Инчунин, масъулин дар идома аз вазъи имрӯзаи минтақаву ҷаҳон ёдовар шуда, иштирокдоронро аз паёмадҳои ногувору хатарзои терроризму экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла бемориҳои сироятӣ огоҳонида, ҳушёриву зиракии сиёсиро таъкид сохтанд.