БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ- МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСИИ КИШВАР АСТ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ  дар деҳаи Эшонободи Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант  бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур намояндагони Кумитаи иҷроия баромад намуда,  қайд карданд, ки мо дар остонаи яке аз маъракаҳои муҳими сиёсии кишвар, ки пешрафту шукуфоӣ, тинҷиву оромӣ аз он вобастагии калон дорад, яъне интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қарор дорем. Ҳамчунин, назару таваҷҷуҳи интихобкунандагон ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар ин интихобот натиҷагирӣ карда мешавад. Халқ довари бузург ва ҳақгӯе аст  ва то кадом андоза ҳадафҳои Барномавии ҳизбҳои сиёсӣ дар амал татбиқ шудаанд, таҳлилу баррасӣ карда мешаванд.

Ҷоиз ба қайд аст, ки ҲХДТ зода ва парвардаи давраи соҳибистиқлолӣ маҳсуб ёфта, дар баробари 6 ҳизбҳои сиёсии дигар рисолат ва масъулияти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, созандагиву ободкориро бар дӯш дорад.

Ҳамаи мо хуб медонем, ки ҳизбҳои сиёсии кишвар бо таҳияи Барномаи амали худ барои панҷсоли оянда вориди рақобат хоҳанд шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg