БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ИФОДАИ ОЛИИ БЕВОСИТАИ ҲОКИМИЯТИ ХАЛҚ МЕБОШАД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохтибештари манфиатҳои миллӣ. Мулоқоти навбатии намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшонинён доир ба муҳтавои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо сокинони деҳаи ба номи Абдураҳмони  Ҷомӣ доир гардид, ки дар он масъулин гуфтанд, ки дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат қайд намуданд, «Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои асосии давлат мебошад». «Интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда, фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносро тақозо мекунад.»

Инчунин, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 шарҳу тавзеҳ дода шуда, қайд карда шуд, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ аз ҳадафҳои асосии Барномавии ҳизб сарчашма гирифта, ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои расидан ба онҳо вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбудии ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg