БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ҶОНИБДОРИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Молия” вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан, дар мулоқот масъулин зимни баромад қайд карданд, ки ҲХДТ раванди инкишофи бонизоми иқтисодиётро ҷонибдорӣ намуда, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро дастгирӣ менамояд.
Бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва дар ин замина мунтазам баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, истифодаи самараноки захираву манбаъҳои барқароршаванда ва рӯ овардан ба “иқтисоди сабз” бо мақсади ғамхорӣ ба наслҳои ояндаи миллат яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба ҳисоб меравад.

Дар охир иштирокдорон баромад намуда, гуфтанд, ки барои рушд кардани иқтисодиёти кишвар саҳм мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg