КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Синамо” вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб атрофи Паёми навбатии Пешвои миллат, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва оид ба раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ибрози андеша намуд.
Инчунин, мавсуф дар идома изҳор дошт, ки Паёми Пешвои миллат бояд барномаи амалии ҳар як шаҳрванди бонангу номуси ватанамон бошад, то ки дар асоси он кору фаъолият намуда, барои пешрафт ва рушди Тоҷикистони азизамон ва рӯзгори ободу осудаи хеш ҳиссаи арзандаи худро гузоранд. Зеро Паёми Пешвои миллат илман асоснок буда, дар он роҳҳои ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз ва нақшаи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварамон бо далелҳои дақиқ нишон дода шудааст.