КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии "Пахтакор” ва “Саричашма" бо иштироки масъулини ҳизб бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб мулоқот доир гардид. Суҳбат дар партави Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баргузор шуда, ҷузъиёти мавзӯ ба тафсил шарҳ дода шуд.
Зимни суҳбати худ масъулин изҳор намуданд, ки дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат қайд намуданд, ки “Мардуми мо дар тӯли таърихи начандон тӯлонии даврони соҳибистиқлолӣ аз уҳдаи иҷрои бисёр корҳои ҷиддиву сарнавиштсоз бо сарбаландӣ баромаданд ва эътимод дорам, ки ба хотири таҳкими пояҳои давлати миллии худ минбаъд низ содиқона ва софдилона заҳмат мекашанд”.
Дар охир иштирокчиёни маҷлис ба сухан баромада, таъкид намуданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеан ҳам равшангари ҳадаф ва вазифаҳои мо барои оянда буда, иҷрои он кафолати оромиву осудагии Ватан, болоравии сатҳи зиндагӣ ва ояндаи неки фарзандонамон хоҳад буд.