БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ : ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ХУДРО ИНТИХОБ НАМО!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии "Куҳнашаҳр" бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ мулоқот доир гардид.

Сараввал масъулин суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Паёми Пешвои миллат, воқеан, барномаи корие барои рушди бемайлони кишвари азизамон буда, аз як тараф натиҷаҳои бадастомадаи як соли гузаштаро ба баррасӣ кашида, аз тарафи дигар барномаву ҳадафҳои заруриро барои як соли дигар ба миён мегузорад. Ҳамин аст, ки баъд аз ҳар Паём давраи нави пешрафту шукуфоии кишвар ба амал меояд ва аз Паём то Паём ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳимми кишвар ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат қарор дошта, ҳамзамон барои беҳтару хубтар намудани сатҳи зиндагӣ ва некӯаҳволии мардум корҳои зиёде ба анҷом расонида мешаванд.

Дар ин росто  аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ фаъолона ширкат варзида, ба номзади арзандаи худ овоз диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg