БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ҲАМЧУН МАЪРАКАИ МУҲИММИ СИЁСӢ АЗ ҲАР ЯК ШАҲРВАНДИ КИШВАР ФАРҲАНГИ БАЛАНДИ СИЁСӢ ВА МАСЪУЛИЯТШИНОСИРО ТАҚОЗО МЕКУНАД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар минтақаи Кӯлоб дар Ҷамоати деҳоти Зарбдор оид ба шарҳу тавзеҳи  нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ анҷом дода шуд.

Дар мулоқоти мазкур роҳбарияти  Кумитаи иҷроия ва дигар шахсони даъватӣ

таъкид доштанд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон ба Маҷлис Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи амал буда, тамоми бандҳои он бояд мавриди омӯзиш ва татбиқ қарор гирад. Дар ин  росто қайд карда шуд, ки Кумитаи иҷроия тасмим гирифтааст, шарҳу тавзеҳи Паёмро ба таври фарогир миёни аҳолӣ тариқи нишасту мулоқотҳо ба роҳ монад. Инчунин, дар идомаи суҳбат изҳор дошта шуд, ки коррупсия яке аз амалҳои нангине мебошад, ки тамоми давлатҳоро ба ташвиш овардааст ва аз омилҳое ба ҳисоб меравад, ки боварии мардумро нисбат ба давлату ҳукумат коста мегардонад. Аз ин лиҳоз аз ҷониби ҳозирин таъкид гардид, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва афзоиши самаранокии мубориза бар зидди коррупсия зарур аст, ки фаъолият дар ин самт бо ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди бедордил  ба роҳ монда шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg