БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ИНТИХОБОТ БО НОМЗАДҲОИ АРЗАНДАЕМ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деҳаи Шаҳоби ҷамоати деҳоти 20 -солагии Истиқлолияти ноҳияи Қубодиён вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур масъулин дар бораи  Анҷумани 13-уми ҲХДТ  таҳти раёсати Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки 1917 вакил баргузор гардида буд,  суханронӣ карда, қайд намуданд, ки дар ҷараёни Анҷуман Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2020-2025-ро дар бар мегирад, тасдиқ карда шуд.  Ҳамчунин дар Анҷуман номзадии вакилон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои фаъоли ҲХДТ пешбарӣ карда шуда, мувофиқи моддаи 31 банди  9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” шумораи умумии номзадҳо, ки ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқи рӯйхат пешниҳод менамоянд, бояд аз 28 нафар зиёд набошад. Иштирокчиёни Анҷуман номзадии 28 нафарро дастгирӣ намуданд, ки аз ин 14 нафарашонро занон ташкил медиҳад. Аксарияти номзадҳо мутахассисони варзидаи соҳаҳои гунонгун, аз ҷумла ҷавонони болаёқату дорои диду нигоҳи нав ба ҳаёти ҷомеа мебошанд.                   

Дар охири вохӯрӣ даъват карда шуд, ки дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ ҳар як фарди ҷомеа фаъолона иштирок намуда, бо иштироки худ барои ояндаи кишвари маҳбубамон овоз диҳем. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg