БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ЯКЕ АЗ ҲИЗБИ БОНУФУЗ ДАР ТАМОМИ ҚАЛАМРАВИ КИШВАР МАҲСУБ МЕЁБАД

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деҳаи Қизил нишони ҷамоати деҳоти 20 солагии Истиқлолият  доир ба интихоботи нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019, №1380 санаи 1 март баргузор мегардад, вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯри мазкур масъулин доир ба Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 барномаю нақшаҳои корӣ дар давраи омодагӣ ба интихоботи оянда ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии намояндагони халқ суҳбат намуда, қайд карданд, ки дар Анҷумани 13 ҲХДТ номзадии вакилон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои фаъоли ҲХДТ пешбарӣ карда шуданд.

Дар идомаи суҳбат қайд карда шуд, ки раванди маъракаҳои сиёсӣ собит месозанд, ки ҲХДТ яке аз ҳизби бонуфуз дар тамоми қаламрави кишвар маҳсуб гардида, бо ҷонибдорони худ як қувваи бузургро ташкил дода, ба сифати ташкилоти сиёсии ҷамъиятӣ дар тақдири халқи Тоҷикистон нақши муҳим бозид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg