БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ: ФАРОҲАМ ОВАРДАНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА БА МАРДУМ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Гулчин”-и деҳаи Гулчини ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Қубодиён оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони ҳизбӣ  иштирок ва баромад карданд.

Зимни суханронӣ қайд гардид, ки ҲХДТ худ шарики фаъоли дигаргунсозиҳои сохтори давлатӣ ва шакли идоракунии ҷомеаи муосири Тоҷикистон буда, тавонист дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ вазъи сиёсии кишварро ба субот оварад, барои оромӣ,  ваҳдату ягонагии халқаш мусоидат намояд.  Инчунин, дар идома таъкид гардид, ки татбиқи дастуру супоришҳои дар Паём омада вазифаи ҳар як аъзои ҳизб мебошад ва моро зарур  аст баҳри пешрафту шукуфоии кишвар, иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарбияи насли наврас, кумаку дастгирии ниёзмандон, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолият, таъриху фарҳанги миллӣ ва мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ, сулҳу суботи комил сарҷаъмона кӯшиш намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg