БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СИТОДҲОИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲХДТ ДАР САТҲИ МАҲАЛ ФАЪОЛАНД

ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади тарғиби сиёсати ҳамаҷонибаи ҲХДТ, иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсии кишвар дар назди ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Ёвон  Ситодҳои пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он таъсис дода шудааст.

Фаъолияти назарраси Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх шаҳодати гуфтаҳои болост, ки дар раванди маъракаи интихоботи навбатӣ фаъолияти пурсамар дорад.

Дар вохӯрие, ки бо иштироки аъзои Ситоди пешазинтихоботӣ дар Ҷамоати мазкур баргузор гардид, масъалаҳои навбатдории аъзои ситод, иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо, оид ба тарғибу ташвиқи  самтҳои муҳими Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар давраи солҳои 2020-2025, интихоби дурусти номзади арзанда дар раванди маъракаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллӣ, истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ гардида, сокинон  барои интихоби ояндаи дурахшони кишвар, иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳидоят карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg