БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ҲХДТ ВА НОМЗАДҲОИ АРЗАНДАИ ОН ОВОЗ МЕДИҲЕМ!

ДАНҒАРА .  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Оид ба шарҳу тавзеҳи  нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар  деҳаи  Иттиҳоди   ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара мулоқот  гузаронида шуд.  

Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Кумитаи иҷроия дар бораи масъалаҳои ҳаётан муҳим ба онҳо ибрози ақида  намуда, дар баромадаш қайд кард, ки тавре  медонем, ташкилотҳои назҳатиён ва террористӣ, ки истифода аз эътиқоди динӣ тарсондан ва хушунатро ҳамчун як воситаи муҳим барои татбиқи манфиатҳои худ пайгирӣ  мекарданд, боиси нигарониҳои ҷиддӣ гашт. Мақсади онҳо танҳо як чиз аст, ноором кардани авзои сиёсии давлатҳо, сӯистифода аз бовариҳои динӣ, ба вуҷуд овардани тафриқаи иҷтимоӣ, мубориза ба фарҳангу асолати қадимаи миллатҳо, гумроҳсозии ҷавонон ва ба муқобили насли калонсол эҳтиром накардани онҳо, фиребу фирефта кардани ҷомеа мебошад. Дар  охир мавсуф таъкид намуд, ки мо  бояд маъракаи муҳими сиёсии дарпешистодаро ба таври шаффофу демократӣ гузаронем ва фирефтаи ҳар нохалаф нагардем, ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg