
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохтибештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва расонидани нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии "Беморхонаи маъюбон" вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар суҳбат изҳор гардид, ки тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буданд: «Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем». Ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла шахсони имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.