БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДИҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ

Бохтар. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо мақсади тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он ва фаҳмонидани моҳияти дастуру супоришҳои дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироашуда, дар ташкилоти ибтидоии “Бойгонии вилоят ” вохӯрӣ доир намуданд. 

Зимни мулоқот аз ҷониби масъулин таъкид шуд, ки  аъзои ташкилоти ибтидоӣ эълони солҳои 2020-2040-ро  ҳамчун солҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, диқиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”  дастгирӣ намуда,  барои дар амал татбиқ намудани он талош меварзанд.  Чанде пеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармонро дар бораи масъалаи болозикр  ба имзо расониданд, ки он барои боз ҳам пеш рафтани илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ заминаи мусоид мегузорад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg