АНДЕША. Хурду бузурги диёрамон бо руҳбаландӣ ва шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи мамлакат ва бо эътимод ба фардои ободу осудаи кишвар барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни муқаддаси миллиамон 30-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон саъю талош намуда истодаанд. Корҳои ободонию созандагӣ дар тамоми гушаву канори мамлакат ба хотири ояндаи неки Ватанамон бомаром идома доранд.
Корҳои созандагию бунёдкорӣ имрузҳо аз ҷониби садҳо нафар соҳибкорону шахсони ҳимматбаланд амалӣ шуда истодаанд, ки боиси пайравӣ мебошанд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияташро дар асоси ҳадафҳои барномавии худ ба роҳ монда, дар назди ҳамаи аъзоёни ҳизб вазифа гузоштааст, ки дар рушди иқтисодиёт, беҳбудии ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҳиссаи сазовор гузорад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давоми 25-соли фаъолияти худ ба мафкураи одамон таъсир расонида, онҳоро бо корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷалб намуда истодааст.
Ҳизб зери роҳбарии Раиси муаззами худ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри дастгирии ятимону бепарасторон, қишрҳои ниёзманди ҷомеа, кумак ба донишҷуёну хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимӣ, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва кормандони ақибгоҳ саҳмгузор мебошад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба нерӯи муттаҳидкунандаи қишрҳои мухталифи ҷомеа табдил ёфта, рисолати таҳким бахшидани пояҳои давлатдории миллиро ба душ гирифтааст.
Ҳизб ба таҳкими суботи сиёсӣ, пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ, Ваҳдати миллӣ ва ризояти ҷомеа, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии мардум чорабиниҳоро роҳандозӣ менамояд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти татбиқкунандаи орзуву амали халқ буда, ташаббускору навовар ва дар татбиқи амалҳои созанда, роҳнамои халқ мебошад.
Бинобар ҳамин сабабҳо ба ҳизбе, ки ҳифзи манфиатҳои мардум беҳтарин намунаи таблиғоти ғояҳои он мебошад, яъне Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рӯзи интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат, ки 1 марти соли равон барпо мегардад овоз медиҳам.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон раванди инкишофи бонизоми иқтисодиётро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро ҷонибдорӣ менамояд.
Мусоидат ба рушди босуботи иқтисоди миллӣ ва гузариш аз роҳҳои анъанавии истеҳсолот ба усулҳои иноватсионӣ мақсаду мароми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизбе мебошад, ки ба хотири таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти бомаром ва самараноки сохторҳои давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, идораи равандҳои иҷтимоию сиёсӣ ва ҳимояи онҳо аз зуҳуроти номатлуби ифротгароию терроризм, қочоқи маводи мухаддир, одамрабоӣ ва дигар равандҳои тафриқаангези динию мазҳабӣ, ки ҳадафи онҳо бо роҳи зӯрӣ ба даст овардани ҳокимият, аз байн бурдани сохти Конститутсионӣ ва вайрон кардани тамомияти арзии давлат мебошад, дар доираи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош меварзанд.
Барои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон амнияти миллӣ стратегияе ба шумор меравад, ки ҷиҳати таъмини амниятҳои ҳаётан муҳими миллӣ равона гардидааст. Таассуби динию мазҳабӣ ва дигар равияву мазҳабҳое, ки дар байни ҷомеа тафриқа меандозанд, ҳамчун таҳдид ба амнияти миллӣ шинохта мешаванд.
Ман барои он ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон овоз медиҳам, ки ҳизб манфиатҳои кишварро аз ҳама гуна манфиатҳо болотар дониста, ба ҳуқуқу озодиҳои инсон арҷ гузошта, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи инсонро эҳтиром мекунад.
Ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳадафҳои Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар доираи сиёсати иҷтимоии давлат ҳар шахс ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳуқуқ дорад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда, боэътимод ва сармояи пойдории инсонӣ такя карда, онҳоро дар ташаккул ва амалисозии иқдомҳои созгор ва ташаббусҳои навовар дар самти рушди илму техника ва технологияи муосир ва ободию пешрафти босуботи кишвар дастгирӣ менамояд.
Ман барои он ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва номзади он овоз медиҳам, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, фароҳам овардани саодати халқ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва ҳамватанон дар тули чаҳоряк аср талош дорад. Ин зиндагони ободу зебои мо ва гулгулшукуфоии Тоҷикистони маҳбуб бо шарофати Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аъзоёну фаъолон мебошад.
Давлатҷон Ғаффорзода, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ.