АНДЕША. Интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо мекунад.
Бо фармоиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-декабри соли 2019 интихоботи навбатии вакилони маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ рӯзи 1-марти соли 2020 таъин шуд.
Интихоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо ҳуқуқи истисноии интихобкунандагон мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7-ҳизби сиёсӣ фаъолият менамояд. Мувофиқи талаботи қонунҳои амалкунанда ҳизбҳои сиёсӣ, ки масъул ва субъекти асосии пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакилӣ мебошанд, инчунин шаҳрвандони алоҳидаи худпешбаришуда, ки барои соҳиб шудан ба мандати вакилӣ талош мекунанд, вазифадоранд, ки фаъолияти худро танҳо дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонунҳо амалӣ намоянд.
Интихобот, ки ҳамчун маъракаи сиёсӣ ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда бошад, ман ҳамчун як фарди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи интихобот ба тарафдории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон овоз медиҳам.
Тамоми дастовардҳое, ки дар тули 28 соли истиқлолият ба даст оварда шуданд ба шарофати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ман барои он ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва номзади он овоз медиҳам, ки бо шарофати ин ҳизби созандаю бунёдкор зиндагии мо рӯз то рӯз хубтару беҳтар гардида истодааст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизбе мебошад, ки дар ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва таҳкими аркону пояҳои он мебошад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизбе мебошад, ки масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро бартару болотар аз ҳама арзишҳо мегузорад ва ҳадафи асосии худ мешуморад.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон соли 2020-ро “Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ” эълон кардааст. Дар ин росто ман аз тамоми шаҳрвандон даъват ба амал меорам, ки барои ҳимоя ва шинохти бештари манфиатҳои миллӣ ба тарафдории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва номзади арзандаи он овоз диҳанд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум”-ро ҳадафи асосии худ медонад ва барои амали шудани ин ҳадаф пайваста саъю талош менамояд.
Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳадафҳои барномавии ҳизб сарчашма гирифта, ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои расидан ба онҳо вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбудии ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд.
Ман барои он ба ҲХДТ ва номзади он овоз медиҳам, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суботи сиёсӣ ва дастоварҳои замони соҳибистиқлолиро асоси иродаи озоди мардум дониста, барои пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, рушду нумӯи иқтисодиёт, илму фарҳанг ва давлатдории миллӣ саъю талош менамояд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ягона ҳизбест, ки ба масъалаи мақоми занону духтарони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ ҳамчун нерӯи тавоно ва пешбаранда таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ҳамоҳанг намудани фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ барои ҳалли мушкилоти аъзоёни ҷомеа кӯшиш мекунад.
Баёнзода Нигинамо Илёс, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони Халқи вилояти Хатлон аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ.