БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАН БАРОИ ЧӢ БА ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ОВОЗ МЕДИҲАМ?

АНДЕША. Мувофиқи меъёрҳои Конститусия халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад ва онро бевосита ва бавоситаи вакилони худ амалӣ менамояд.

     Интихобот ифодаи Олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шафоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад.

     Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид доштанд, ки ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва шаҳрвандон дар доираи қонунҳои амалкунанда талош кунанд, то ин ки чорабинӣ ба таҳкими бозҳам бештари Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши демократия дар кишвари соҳибистиқлоламон мусоҳидат намояд.

     Ҳизбе, ки мақсаду маромаш Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, густариши демократия ва барои пешрафти зиндагии шоистаи мардум талош меварзад ин Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст, бинобар ҳамин сабаб рӯзи интихобот аз ҳизбҳои сиёсӣ ба ҷонибдории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва аз номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷонибдории номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон овоз медиҳам.

     Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳадафҳои асосии барномавии ҳизб сарчашма гирифта, ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо барои расидан ба онҳо ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд.

     Барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии ҳизб, ки аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар меоянд, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ба хотири татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ки дар он ҳадафҳои олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон-баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар асоси таълили рушди устувори иқтисодӣ эълон шудааст, саҳми босазо гузорад.

     Ман барои он ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон овоз медиҳам, ки сулҳу субот, оромӣ ва тамоми дастовардҳои замони истиқлолият маҳз бо шарофати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба даст омадаанд.

     Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тайи солҳои охир дар ҷомеа ҷойгоҳи сазовори сиёсӣ  ва ҷамъиятӣ пайдо намуда, натанҳо ҳизби сернуфуз, балки ҳизби мафкуравию идеавии ҷомеа мебошад.

    Ман барои он ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон овоз медиҳам, ки ин ҳизби муттаҳидкунандаи қишрҳои мухталифи ҷомеа буда, рисолати таҳким бахшидани пояҳои давлатдории миллиро ба душ гирифтааст.

    Ман барои он ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон овоз медиҳам, ки дар сафи он намояндагони ташабускори соҳаҳои мухталиф, аҳли зиёи кишвар, коршиносону сиёсатмадорон, ҳуқуқдонҳо ва занону ҷавонони фаъол ҳастанд, ки қодиранд ҷомеаро бо роҳи вусъатбахшӣ, ислоҳоти демократӣ, пешрафти иҷтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ пеш баранд.

Ашурова Ҷамиламо, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони

 халқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ.  

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg