ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ширкати фаъолона доштани аҳолӣ дар интихоботи дарпешистода, ба мардум фаҳмонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар МТМУ-и №-56 бо аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Садриддин Айнӣ», «Маҳаллаи Кайҳон», «Бобоҷон Ғафуров», «Маҳаллаи марказӣ» ва «Маҳаллаи Мирзо Турсунзода»-и ноҳия вохӯрӣ баргузор карданд.
Дар вохӯрӣ масъулин атрофи моҳияти маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ ҳарф зада, даъват ба амал оварданд, ки дар ин маъракаи муҳим иштироки фаъолона ва ташвиқи босамари ҳар як узви ҲХДТ зарур аст. Бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ва дар пешрафти кишварамон саҳмгузор бошем.