
БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МНДСЭ-и вилоят” доир шуд. Дар вохӯрӣ доир ба барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он мубодилаи афкор сурат гирифт. Зимни вохӯрӣ баромадкунандагон иброз доштанд, ки татбиқи сиёсати иҷтимоӣ дар Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сол то сол рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, афзоиши маҷмӯи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендияҳоро пешбинӣ мекунад, то ки сатҳу сифатии зиндагии мардуми кишвар боз ҳам беҳтар гардад.