БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Палатаи савдо”-и шаҳри Бохтар оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он намояндагони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ бо аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур вохӯрӣ доир карданд. Аз ҷониби намояндагони кумитаи иҷроияи таъкид гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша ба соҳаи иқтисодиёт таваҷҷуҳ карда, барои ташкил намудани корхонаҳои истеҳсолӣ ва ба ин васила муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ чораҳои зарурӣ меандешад.