
БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар оид ба расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарғибу ташвиқи барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳоҷират” вохӯрӣ доир карданд.
Зимни баромади худ намояндаи кумитаи иҷроия гуфт, ки бахши сиёсати иқтисодӣ дар барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз бахшҳои муҳим буда, дар бахши мазкур ва иҷрои дастуру супоришҳои хирадмандонаи Раиси ҳизб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҲХДТ тасмим гирифтааст, ки дар иҷрои ин ҳадафҳои стратегии давлат пешсаф бошад.