Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Т. Эсанқулов»-и Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид. Масъулин зимни суҳбат атрофи мазмун ва муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ суханронӣ карданд.