БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶОМЕА БОЯД ЗИДДИ КОРРУПСИЯ ДАСТАҶАМЪОНА МУБОРИЗА БАРАД!

ҶАЙҲУН: Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Суғдиён хониши сиёсӣ баргузор карданд.

Масъулин дар чорабинӣ иброз доштанд, ки бо иқдоми Созмони Милали Муттаҳид санаи 9-уми декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи давлати Мексика ҳамоиши баландпояи сиёсӣ бо ширкати намояндаи зиёда аз сад давлати ҷаҳон баргузор гардид. Дар конгресс Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия таҳия гардид, ки кулли намояндагони давлатҳои иштирокчӣ ҷиҳати тарафдорӣ ба Конвенсия имзои худро гузоштанд.

Аз он рӯз инҷониб, 9-уми декабр чун Рӯзи муборизаи байналмилалӣ бар зидди коррупсия дар ақсои олам эълон гардида, он ҳамасола бо шукӯҳ ҷашн гирифта мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg