ҶАЙҲУН: Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Меҳнатобод»-и ноҳия хониши сиёсӣ баргузор карданд.
Масъулин иброз доштанд, ки коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷаъмиятӣ буда, омӯзиши ҷиддӣ ва мунтазам, муносибати махсус, муқобилияти комплексӣ ва оперативиро талаб менамояд. Яке аз масъалаҳои харобкунандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи масъалаҳои иқтисодӣ ин коррупсия ба шумор меравад. Ҳанӯз якчанд аср қабл яке аз мутафаккирони бузург Ш.Л Монтеские гуфта буд: «Дар натиҷаи амалҳои коррупсионӣ, тартиботи хуби ҷаъмиятӣ аз байн рафта, дастгоҳи давлатӣ фалаҷ ва ба як чизи бекора мубаддал мегардад».