Н. ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират”-и ноҳияи Носири Хусрав вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ иштирок намуда, дар хусуси «Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ», самтҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ба интихобкунандагон фаҳмонида шуд.
Аъзои гурӯҳи таблиғотии Ситоди пешазинтихоботии ноҳия номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар ҳавзаи интихоботии №2, узви ҲХДТ Сумангул Асадбекова, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии “Бешкент”-ро ба интихобкунандагон шинс карданд.