ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Наврӯҳо”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг вохӯрӣ баргузор карда шуд, ки дар он аъзои гурӯҳи таблиғотӣ аз ҳисоби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар ноҳия ба ҳозирин дар бораи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, номзадҳои он ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ пешбаригардида, Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумоти муфассал доданд.
Баъди анҷоми вохӯрӣ ҳизбиён чанд нафар бемори бистариро аёдат намуданд.