ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Кӯлдараи Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг аъзои гурӯҳи таблиғотии Ситоди пешазинтихоботии ноҳиявии ҲХДТ дар бораи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 – 2025, номзадҳои аз ҳисоби ҲХДТ пешбаригардида ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ суханронӣ карданд.
Дар баромадҳо қайд гардид, ки интихобот маъракаи муҳими сиёсӣ буда, озод, шаффоф, демократӣ ва дар доираи қонун гузаронидани он ба масъулиятшиносии ҳар як интихобкунанда вобастагии калон дорад.
Дар асоси дастуру супоришҳои Паёми Пешвои миллат таъкид карда шуд, ки ҳар кадоми мо вазифадорем дар рӯзи интихобот ба участкаи интихоботӣ рафта, мавқеи худро муайян созем. Ба тарафдории номзаде, ки дар ҳақиқат арзанда аст, овоз диҳем.
Ҳамчунин дар ин рӯз ҳизбиён аз ҳолу аҳволи собиқадори меҳнат, пири хирад бобои Насим, ки бемор аст, хабар гирифта, хотири ӯро болида гардониданд.