БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ҲИЗБЕСТ, КИ МАРОМАШ САРҶАМЪИЮ МУТТАҲИДИСТ!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Марғоб”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ бо аъзои ташкилот вохӯрӣ баргузор карданд.

Масъулин қайд карданд, ки танҳо дар се соли охир тибқи нақшаи корҳои  ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти кишвар аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид  карда шуданд.

Доир ба барномаи пешазинтихоботӣ қайд гардид, ки ҲХДТ арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро эътироф намуда, дар  такмили низоми қонунгузории миллӣ бо назардошти манфиатҳои ҳар як шаҳрванд, ҷомеа ва давлат, тақвияти мубориза бо таҳдиду зуҳуроти барои ҷомеаи мо хатарнок, боло бурдани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ пайваста саъю талош хоҳад варзид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg