
ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гулистон”-и Ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботи ҲХДТ вохӯрӣ баргузор карданд. Саҳми ҷавонон дар ҳифзи Ватан-Модар шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд.
Оиди барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баён гардид, ки ҲХДТ барои баланд бардоштани сатҳи илму дониш, интизом, садоқат ба мардуми Тоҷикистон, таҳаммулпазирӣ, касбият, салоҳиятнокӣ, инчунин татбиқи технологияҳои замонавӣ барои рушду нумӯи кишвар пайваста талош меварзад.