ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки аъзои ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Хонаи бачагон»-и ноҳия хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот қайд шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, масъулияти бузурги ташаккулдиҳии маънавиёти ҷомеа ва рушди давлатдории миллиро ба душ дорад.
Дар ин раванд аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ-ро зарур аст, ки бо масъулияти баланд ҷиҳати бартарафсозии мушкилоти ҷомеа ва таъмини фазои солими иттилоотӣ пайваста бо мардум бошанду неруи созандаро дар замири халқ бедор созанд, афкори сиёсии ҷомеаро шакл дода, миллати созандаву офаранда бисозанд, зеро ки тақозои замон чунин мебошад. Бояд ҳар як сокини мамлакат дарк намояд, ки давлатдорӣ кардан ин мубориза кардан аст- иброз доштанд баромадкунандагон.