БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОНИШИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «КИШОВАРЗОН»

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба тарғибу ташвиқи самтҳои афзалиатноки фаъолияти ҲХДТ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Кишоварзон»-и деҳаи Тоҷикистон хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

         Дар ин мулоқот нотиқон дар самти пешгирӣ аз бегонапарастӣ ва майл ба фарҳанги бегона чунин ибрози ақида намуданд, ки солҳои охир асолатбохтагон талош варзидаанд, либосу сатри занонро, ки хоси арабони биёбонгард аст, расми либоспӯшии тоҷикон гардонанд, аммо бар муқобили ин бегонапарастӣ равшанандешон, ба вижа бонувони фаъоли ҷомеа бархоста, нагузоштанд, ки суннатҳои бостонии мо аз байн бардошта шаванд. Воқеан, он сарулибосе, ки миёни бонувони мамлакат дар баъзе маҳаллаҳои ҷумҳурӣ муд шудааст, ягон асолати милливу динӣ надорад. Муофиқи маълумотҳо халки мо аз қадим либосҳои зебои занона доштанд ва ҳеҷ гоҳ чодарпӯшиву сиёҳпӯшӣ намекардааст.

         Ҳамчунин, баъзе масъалаҳои марбут ба интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg